arzon replenishment
Дар Ховалинг як ҷавон аз дуди ангишт ҷон дод
391

Дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон як ҷавони 27-сола бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ҷон дода, як тани дигар осеб дидааст.

Ба иттилои расонаҳо, ин ҳодисаи нохуш шаби 5-уми январ дар корхонаи коркарди тиллои “Нахш” рӯй додааст. Гуфта мешавад, ки Меҳроҷиддин Акбарови 27-сола шаби сар задани ин фоҷиа ҳамроҳи як рафиқаш ба бухорӣ ангишт андохтаанд ва зоҳиран пас аз хобашон бурдан дуди ангишт баромада, боиси заҳролудшавӣ ва марги ин ҷавони 27-сола гаштааст.

Меҳроҷиддин Акбаров зодаи деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин буда, аҳли хонаводааш дар деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД