Дар шаҳри Хоруғ як навраси 14-сола бар асари муноқиша бо корд захми вазнин бардоштааст.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ҳодиса 7-уми сентябр, тақрибан соати 19:40 дар назди даромадгоҳи боғи фарҳангӣ-фароғатии «Чорбоғ» рух додааст.
Гуфта мешавад, ки ҳангоми муноқиша навраси 15-сола бо корд ба қафаси синаи ҳамсолаш зарба задааст. Ҷабрдида ба беморхона интиқол дода шудааст. Табибон ҷароҳати ҷабрдидаро вазнин ташхис кардаанд.
Нисбати навраси 15-сола бо моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон - «Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ» парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши ҳодиса идома дорад.