Дар Хоруғ ба муносибати 35-солагии Истиқлол барномаи бошукӯҳи консертӣ баргузор шуд
Шоми 27 сентябр дар шаҳри Хоруғ ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.
Барномаи консертиро устодони санъати тоҷик ва ҳунармандони вилоятҳои кишвар бо суруду рақсҳои миллӣ ва барномаҳои рангини фарҳангӣ пешкаши иштирокчиён карданд.
Дар ҷараёни барнома асарҳои мусиқӣ аз эҷодиёти шоирон ва оҳангсозони маъруфи кишвар иҷро шуда, мавзӯъҳои Модар-Ватан, Тоҷикистон, истиқлол, ваҳдати миллӣ ва муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ инъикос гардиданд.
Чорабинӣ бо фазои идона ва иҷрои барномаҳои фарҳангӣ идомаи ҷашнҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон гардид.