Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар хобгоҳи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар доираи моҳвораи ҷавонон бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоиши фарҳангӣ таҳти унвони "Шоми ҷавонӣ” доир гардид.
Дар чорабинӣ Бобохонзода Раҷабалӣ Хайрулло, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Давлатзода Гулнора Шариф, муовини ректор оид ба тарбия ва робитаҳои байналмилалии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Гулзод Маҳкам Ҷумъа, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Давлатшо Каримзода, сардори Шуъбаи тарбияи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, кормандону омӯзгорони донишкада ва донишҷӯёни истиқоматкунандаи хобгоҳ иштирок намуданд.
Нахуст Наврӯз Саидов, сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷавонон суханрониҳои зиёд намуда, аз ҷумла қайд намудаанд: “Мо бояд тамоми шароитҳоро барои ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, муҳайё гардонем ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоем”.
Дар идомаи чорабинӣ Давлатзода Гулнора Шариф, муовини ректор оид ба тарбия ва робитаҳои байналмилалии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба сухан баромада, қайд кард, ки ҷавонони имрӯз бояд тавассути донишу қобилият ва зӯру бозуи худ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, парчамбардори меҳан шаванд, зеро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд.
Сипас, Бобохонзода Раҷабалӣ Хайрулло, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, таъкид кард, ки кишвари соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу неруи созандаи ҷавонон умед бастааст, чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд.
Дар идомаи ҳамоиш ба як қатор кормандону донишҷӯёни фаъол, истиқоматкунандагони хобгоҳ ва ғолибони мусобиқаҳои варзишии шуъбаи кор бо ҷавонон дар ҳамбастагӣ бо Иттифоқи касабаи кормандону донишҷӯёни донишкада Ифтихорномаву Сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва туҳфаҳои пуливу молӣ тақдим гардид.
Ҳамзамон, омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба хотири болидаруҳии иштирокдорону меҳмонон барномаи консертии иборат аз рақсу сурудҳои ҷаззобу дилошӯб пешниҳод намуданд.