arzon replenishment
Дар хобат бриллиант ёбӣ, оиладор мешавӣ ё бой?
1892

Ман ду шаб пай дар пай хоб дидам, ки ороишоти қимматбаҳо, аниқтараш бриллиант ёфтаам. Шаби аввал тасодуфан дар кӯча як гарданбанд пайдо кардам, ки нигини бриллиантӣ дошт, шаби дигар бошад, модарам гӯшвораҳои зебои нигинашон бриллиантиро ба гӯшам анохтанд. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед.

МАРҶОНА, сокини шаҳри Душанбе

Посух:

- Ёфтани бриллиант дар хоб фоли нек ва нишонаи хушбахтӣ мебошад. Тавре дар хобномаҳо омадааст, кас хоб бинад, ки бриллиант, яъне алмос ёфтааст, дар ҳаёташ ҳодисаҳои хурсандиовар рӯй медиҳанд. Аслан алмосро “Санги ошиқон” мегӯянд, зеро он бисёр қимматбаҳо буда, рамзи ишқу муҳаббати пок мебошад. Кас бриллиант хоб бинад, дар ҳаёташ шахсе пайдо мешавад, ки ӯро самимона дӯст медорад ва мисли санги бисёр қимматбаҳо эҳтиёт мекунад. Ин шахс метавонад ошиқ ё дӯсти самимӣ бошад, ки ба одами хобдида аз вай манфиатҳои зиёде мерасад.

Зан ё ҷавонмарди муҷаррад хоб бинад, ки бриллиант ёфтааст, ҷуфти муносиби худро пайдо карда, бо ишқу муҳаббат оиладор мешавад.

Шахси бо тиҷорат сарукор дошта алмос хоб бинад, шарики хубе пайдо мекунад, ки барои ривоҷ додани тиҷораташ ба вай кумак хоҳад кард.

Ғайбдони машҳур Ванга гуфтааст, ки агар кас дар хобаш ангуштарини нигини бриллиант дошта ёбад, бою бадавлат мешавад.

Хоб бинед, ки дар пеши поятон бриллианти бисёре рехтааст, кору боратон барор гирифта, соҳиби пули калон мешавед.

Кас хоб бинад, ки шахси дигар ба гарданаш гарданбанди бриллиантӣ ё ба дасту гӯшҳояш ангуштарин ва гӯшвораи алмосӣ овехтааст, ба зудӣ соҳиби мансабу вазифаи баланд гашта, дар байни мардум эҳтироми бузургеро соҳиб хоҳад шуд.

Мувофиқи хобномаи исломӣ, алмос рамзи хушбахтии оилавӣ аст ва шахсе, ки бриллиант хоб мебинад, дар ҳаёти оилавиаш ягон ҳодисаи хурсандиовар рӯй медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД