arzon replenishment
Дар хобаш гап задани кӯдак нишонаи беморист?
1065


Духтари 12-солаам шабҳо дар хобаш гап мезанад ва баъзан ҳатто бо касе ҷанҷол карда, доду вой мекунад.

Метарсам, ки ягон касалии руҳӣ надошта бошад. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед, ӯро ба назди ягон духтари равонишнос барам ё дар хоб гап задани кӯдакону наврасон як чизи маъмулӣ аст?

Фирӯза, сокини шаҳри Душанбе

Посух

Аз рӯи ҳисоботҳои оморӣ аз ҳар бист нафар як кас дар хобаш гап мезананд. Кӯдакон дар ин рӯйхат ба маротиб бештаранд. Аз ҳар ду кӯдак якеаш дар хобаш гап зада, ба қавле дилашро холӣ мекунад. Сабабҳои “Сомнилоквия”-дар хоб гап задан ҳанӯз пурра омӯхта нашудаанд, вале олимон бар он ақидаанд, ки он бар асари стресси зиёде, ки дар давоми рӯз кӯдак ё шахси калонсол аз сар мегузаронад, шабона дар хобаш гап мезанад. Бояд гуфт, ки ин ҳолат на ҳамеша дар заминаи эҳсосотҳои манфӣ сурат мегирад. Эмотсияи зиёди мусбӣ низ боиси дар хоб гап задани кӯдак ё наврас гашта метавонад. Дар давоми хоб дар майнаи сар марказҳое, ки ба нутқи мо пайвастаанд ва онро идора мекунад, бедор шуда ба фаъолият медароянд ва дар натиҷа одами хоб ба гапзанӣ медарояд. Одатан сухан гуфтан дар хоб дар ҳолати ғанаби кӯтоҳмуддат рух медиҳад. Духтаратон, агар сар ба болин ниҳодан баробар ба ғанаб равад ва дар хобаш хоида-хоида чизе гӯяду баъди чанде ором бихобад, ҳеҷ ҷойи хавотирӣ нест, вале..

Агар кӯдак дар хобаш роҳ гардад...
Ҳолатҳое мешаванд, ки кӯдак ё навраси хоб натанҳо гап мезанад, балки ҳаракат мекунанд, масалан аз ҷояш нимхез мешавад, чашмонаш гоҳ кушодаю гоҳ пӯшида мешаванд ва ба саволатон ҷавоб медиҳад. Рафтори кӯдак дар ин ҳолат волидонро натанҳо ба ҳайрат меорад, балки дар дилашон тухми тарсу ҳарос кошта метавонад. Падару модар метарсанд, ки мабодо фарзандашон ба ягон касалии руҳӣ гирифтор нашуда бошад. Агар бо духтари шумо низ чунин ҳолат рух диҳад, натарсед. Саҳар, баъди аз хоб хестан дар кӯдак ягон дигаргунии манфӣ ё нишонаҳои хасташавиро эҳсос накунед, донед, ки саломатии фарзандатон ҳам аз нигоҳи равонию ҳам аз лиҳози ҷисмонӣ хуб аст.

Кай ба духтур муроҷиат кардан лозим аст?
Мутаассифона, сухан гуфтан дар хоб баъзан бо мушкилоти равонӣ вобастагӣ дорад. Фарқият дар он аст, ки кӯдак ё наврас ҳар шаб дар як вақту соат ба гапзанӣ медарояд ва дар ҳолати ӯро бедор карданатон шумо ба реаксияи шадид дучор мегардед. Ин ҳолат аз бемории эпилепсия дарак медиҳад. Дар ин ҳол ҳатман ба психоневролог кардан лозим аст. Барои дақиқ намудани беморӣ ҳатман ЭЭГ (электроэнцефалография) –и майнаи сарро гузаронидан лозим аст.
Ҳолатҳои дигаре низ ҳастанд, ки набояд муоинаи духтурро ба таъхир гузошт: энурез (пешоб кардан дар хоб), лунатизм, шараққос задани дандонҳо, нафастангӣ, рафтани оби даҳон, хобҳои даҳшатнок дидан аз носолимии кӯдак дарак дода, табобати ҷиддию саривақтӣ мехонанд.
Одатан ба ин қабил беморон дорувориҳое менависанд, ки хунгардии майнаи сарро фаъол менамоянд ва дар натиҷа кӯдак орому бароҳат мехобад.
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД