Қариб як ҳафта мешавад, ки духтарчаи 4-солаам хоби ором надорад. Шабҳо дар хобаш худ ба худ гап мезанад, баъзан ҳатто дод гуфта гиря мекунад. Модарам мегӯянд, ки ҳатман ӯро дар назди ягон домулло бурда дуохонӣ кунам, чунки дар хобаш гап задану гиря кардани кӯдак аз зиён аст. Ростӣ ба чунин гапҳо чандон бовар надорам, вале ҳолати фарзандам маро сахт ба ташвиш овардааст. Илтимос, бигӯед, ки дар хобаш худ ба худ гап задану гиря кардани кӯдак нишонаи чист?
ЗУҲРО, сокини шаҳри Душанбе
Посух:
- Дар хобаш худ ба худ гап задани кӯдак нишонаи зиён ё ҷину парӣ доштанаш нест. Баъзе кӯдакон табиатан сергап буда, ҳатто ҳангоми хоб буданашон низ бе танаффус гап задан мегиранд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ аз ҳар бист нафар як кас дар хобаш гап мезанад. Дар хоб гап заданро сомнилоквия меноманд ва он аз насл ба насл мегузарад. Олимон бар он назаранд, ки сомнилоквия асосан бар асари стрессе, ки шахс дар давоми рӯз аз сар мегузаронад, пайдо шуда, дар натиҷа одам дар хоб худ ба худ гап мезанад. Бояд гуфт, ки ин ҳолат на ҳамеша аз эҳсосоти манфӣ пайдо мешавад, эмотсияи зиёди мусбат низ метавонад боиси дар хобаш худ ба худ гап задани кӯдак ё шахси калонсол гардад.
Одатан сухан гуфтан дар хоб дар ҳолати ғанаби кӯтоҳмуддат рух медиҳад. Духтарчаатон баъди ғанаб кардан нимғурма чизе гуфта, баъд оромона хоб равад, ҳеҷ ҷойи хавотирӣ нест, вале ҳолатҳое мешаванд, ки кӯдак дар хобаш натанҳо гап мезанад, балки ҳаракат мекунад аз ҷояш нимхез шавад, чашмонаш гоҳ кушодаю гоҳ пӯшида мешаванд. Ин рафтори кӯдак албатта волидонро ба ташвиш меорад.
Дар хоб худ ба худ гап задани кӯдак метавонад бо мушкилоти равонӣ низ вобастагӣ дошта бошад. Духтарчаатон ҳар шаб як вақт худ ба худ ба гапзанӣ дарояд ва дар ӯ ҳолатҳои дигари шубҳанок, аз қабили ларзидани дасту пой, бегона шудани чашмон мушоҳида шавад, ҳатман ба психоневролог муроҷиат намоед, зеро ин метавонад нишонаи бемории эпилепсия бошад. Барои дақиқ гаштани беморӣ ЭЭГ-электроэнцефалографияи майнаи сари кӯдакро гузаронидан лозим меояд.
Шараққос задани дандонҳои кӯдак дар хоб, ҳар шаб бистари хобашро тар кардан, эҳсоси нафастангӣ, дар хоб роҳ гаштан-лунатизм низ аз мушкилоти равонӣ доштани кӯдак дарак медиҳад. Бо мушоҳида намудани ин ҳолатҳо волидон бояд ҳатман фарзанди худро ба назди табиби асабшинос бурда, ҷиддӣ аз паси табобаташ шаванд. Маъмулан пас аз қабули доруҳое, ки гардиши хунро дар майнаи сари кӯдак ба низом медароранд, кӯдак ором шуда, шабона бароҳат мехобад.