Дар вилояти Хатлон як кӯдаки 9-сола ва як ҷавони 29-сола бар асари садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар додааст.
Ин ҳодисаи нохуш шаби 10 ба 11-уми август дар шоҳроҳи Душанбе-Панҷи поён рӯй дода, як кӯдаки 9-сола ва як ҷавони 29-сола бар асари бархӯрди ду мошин ҷони худро аз даст додаанд.
“Ронандаи мошини боркаши тамғаи "HOWO-TX" ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷайҳун ба самти ноҳияи Ҷ. Балхӣ аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба худрави "Toyota Camry" бархӯрдааст. Бар асари ин бархӯрд ду мусофири "Toyota Camry" - Мунис Назарови 9-сола ва Абдураҳмон Муҳаммадёрови 29-сола, ки ҳарду сокинони ноҳияи Ҷайҳун будаанд, ҷароҳат бардошта, дар бемористон ба ҳалокат раисидаанд”,- омадааст дар хабар.
Тафтишоти ҳодиса аз ҷониби мақомот идома дорад.