Дар Маркази стоматологии вилояти Хатлон шуъбаи ҷарроҳии ҷоғу рӯй мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар расми ифтитоҳи он сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Иброҳим Мусозода, мудири шуъбаи робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Юсуф Амирхон, роҳбарият ва кормандони маркази мазкур иштирок намуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, шуъбаи ҷарроҳии ҷоғу рӯйи маркази номбурда бо таҷҳизоту дастгоҳҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардида, он дорои 10 кат - 5 кат барои калонсолон ва 5 кат барои кӯдакон мебошад ва дорои ҳуҷраҳои ҷарроҳӣ, эҳёгарӣ ва бистарӣ буда, дар он баҳри ташхису табобати беморон ҳамаи шароит фароҳам оварда шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар маркази мазкур ҳама гуна ҷарроҳиҳои ҷоғу рӯй, аз ҷумла хейлоринопластика, уранопластика, ҷарроҳии гирифтани омосҳо, ҷарроҳии пластикию эстетикии рӯй ва ҷоғҳо, кушодани абсесҳо, флегментҳои қисми ҷоғу рӯй, пластикаи устухонҳо, остеосинтезҳои баъди шикастани устухонҳо ва сестектомия ва систотамия анҷом дода мешаванд.