Бахшида ба 31-солагии Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон даври вилоятии озмуни ҳарбӣ — ватандӯстии «Ватанпарвар» ҷамъбаст гардид.
Ҳадафҳои асосии озмуни мазкур тарғиби ғояҳои Ватандӯстию меҳанпарварӣ дар байни ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ҷасорату мардонагии насли наврас буда, он ба омода намудани ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ мусоидат менамояд.
Дар маросими ҷамъбасти озмуни «Ватанпарвар» роҳбарияти вилояти Хатлон, намояндагони сохторҳои марбута ва хонандагони фаъоли мактабҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар иштирок намуданд.
Дастаҳои ғолиб бо Ифтихорнома ва мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.