Дар вилояти Хатлон, ки дар кишвар яке аз минтақаҳои асосии кишту истеҳсоли пахта ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳисоб меравад, ба кишти пахта оғоз карданд.
Гуфта мешавад, ки мувофиқи нақша имсол дар майдони 120 ҳазору 500 гектар замин пумбадона кишт карда мешавад. Аз майдони умумии кишти пахта, дар 41 ҳазор гектар пумбадона бо усули нав, яъне дар зери плёнка кишт мешавад.
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар хоҷагии деҳқонии ба номи Ниёзмуҳаммад Бегови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба маъракаи кишти пахта оғоз бахшида, ба масъулин ва кишоварзон дастур додааст, ки деҳқонон тибқи нақша масоҳати кишти пахтаро васеъ карда, дар баланд гардидани иқтидори истеҳсолӣ, афзоиши даромади иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ муваффақ шаванд.