Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид рӯзи 1-уми сентябр зимни сафари корӣ дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Ҷилликули ноҳияи Дӯстӣ 10 хонаи истиқоматиро мавриди истифода қарор дод.
Иншооти мазкур ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии мардум сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд.
Фармоишгар ва пудратчии иншоот Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонӣ соли 2023 оғоз ёфта буданд. Ба таъкиди масъулин, барои бунёни хонаҳо, бунгоҳи тиббӣ ва чойхонаи фароғатӣ дар ин мавзеъ дар маҷмуъ 1 миллиону 650 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар вазъияти тантанавӣ калидҳои хонаҳои истиқоматиро ба оилаҳои ниёзманд ва ятимон супорида, ба шароити бино ва сифати корҳои анҷомшуда баҳои баланд дод.
Раиси вилоят аз сокинон даъват намуд, ки фарзандони худро тарбияи дуруст намуда, дар рушди ҷомеа саҳм гузоранд.