goodwell
Дар Хатлон 5 фолбину сеҳргар ва ҷодубарорро бо мизоҷонашон боздошт кардаанд
22.05.2026
Oila.tj
130

Аз ҷониби кормандони милитсияи Шуъбаи ВКД дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Кушониён ва Фархор чанд нафар ҳангоми машғул будан ба сеҳру ҷоду бо мизоҷонашон дастгир карда шудаанд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, ин нафарон Носиров Тоҳир Махсумович, соли таваллудаш 1964, сокини деҳаи Анористони ноҳияи Дӯстӣ, мизоҷонаш Қараев Нажмуддин Шамсидинович, соли таваллудаш 1969, сокини деҳаи Анористони ноҳияи Дӯстӣ, Тагайкулов Юлчибой Нуруллоевич, соли таваллудаш 1981, сокини деҳаи Яккадини ноҳияи Ҷайҳун; Набиева Дилрабо Саъдуллоевна, соли таваллудаш 1982, сокини деҳаи С. Шерозии ноҳияи Кӯшониён, мизоҷонаш Шарипова Марҳабо Назаровна, соли таваллудаш 1981, сокини ҷамоати деҳоти Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён, Додарҷонзода Шукрона Орзубек, соли таваллудаш 2004, кӯчаи Кайҳоннавардони шаҳри Бохтар; Абдуназаров Мирвалӣ Абдуназарович, соли таваллудаш 1970, сокини кӯчаи Наҷмиддинови ноҳияи Фархор, мизоҷаш Даминова Гулҷаҳон Юлдошевна, соли таваддудаш 1967, сокини деҳаи Дарёободи ноҳияи Фархор; Шарипова Оростамо Саидшоевна, соли таваллудаш 1957, сокини деҳаи 1-уми майи ноҳияи Фархор; Мирзоева Гуландом Маҳсидиновна, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Уртабузи ноҳияи Фархоранд.

Дар натиҷаи санҷиш муайян гардидааст, ки номбурдагон муддати тӯлонӣ бо истифода аз додани тумору таштоб, оби қайтармаву дамандозӣ ва дигар ашёҳои гуногун ба амалҳои хурофотӣ, аз қабили “фолбинӣ”, “гармию хунукӣ”, “кушоиш”, “бахткушоӣ” ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ машғул шуда, аз ҳисоби муштариёни корафтодагонашон манфиати молиявӣ ба даст меовардаанд.

Вобаста ба кирдорҳои зиддиҳуқуқии номбурдагон, нисбати касоне, ки ба сеҳру ҷоду машғул будаанд, тибқи талаботи моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба суд ирсол карда шудааст.

Нисбати муштариёнашон, ки аз хизматҳои ба ном ҷодубарору фолкушоён истифода бурдаанд, бо моддаи 482, иловаи 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 3900 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД