Шуруъ аз имрӯз, 1-уми октябр дар кӯчаи Низомии Ганҷавии шаҳри Душанбе ҳаракати нақлиёт қатъ гардид.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, “бо мақсади анҷом додани корҳои азнавсозӣ дар кӯчаи Н. Ганҷавӣ (аз хиёбони И. Сомонӣ то кӯчаи Карамов) аз 1-уми октябри соли 2024 то 25-уми июли соли 2025 ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ муваққатан қатъ карда мешавад”.
Бинобар ин, аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда шудааст, ки аз роҳҳои мошингарди кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.