1xbet
Дар кадом минтақаҳо барои кӯдакон лагерҳои тобистона кушода шуданд?
131

Аз пагоҳ, 12-уми август дар Тоҷикистон барои истироҳати бофароғати кӯдакону наврасон лагерҳои тобистона ба фаъолият оғоз менамоянд.

Имсол дар ҷумҳурӣ барои кӯдакон 3738 нуқтаҳои истироҳатӣ кушода шудаанд, ки ҳар кадом самти муайяне доранд. Аз ҷумла лагерҳо барои кӯдакони синну соли томактабӣ, лагерҳои варзишӣ, табобатӣ, фароғатӣ ва ғайра.

Кӯдакон дар 4 давра ба лагер ва истироҳатгоҳҳои тобистона ҷалб карда мешаванд. Давраи аввали фарогирии наврасон ба истироҳати тобистона аз 12-уми июн оғоз ёфта, 12 рӯз идома меёбад.

Тибқи нақша имсол дар фасли тобистон зиёда аз 300 ҳазор кӯдакон ба истироҳатгоҳҳои тобистона ҷалб карда мешаванд, ки дар байнашон кӯдакони ятим, бепарастор ва бачаҳои оилаҳои камбизоат низ ҳастанд.

Дар Бадахшон 5, Суғд 10, Хатлон 4, дар Душанбе 2 ва дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 7 лагеру нуқтаҳои истироҳатӣ барои кӯдакон ва наврасон ташкил карда шудаанд, то ки бачаҳо дар давраи тобистон хуб дам гирифта, бо қувваи дучанд соли нави хонишро оғоз намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД