Formula september
Дар Истаравшан 2 ҷавонро барои одамкушӣ дастгир карданд
1635

Дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд як ҷавон хоҳарбузургашро бо корд кушта, “хушдор”-и ӯро захмӣ кардааст. Дар ин бора мақомоти милитсияи вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” хабар дод.

Гуфта мешавад, ки Салоҳиддинов Ҳукмиддин Ҳусниддинович, сокини 38-солаи ҷамоати Гули сурхи шаҳри Истаравшан, апааш Шодиой Салоҳиддиноваи 46-соларо бо зарби корд ба қатл расонидааст.

Бино ба зикри гумонбаршаванда муносибат доштани апааш Шодиой Салоҳиддинова ва сокини дигар шаҳри Истаравшан Шаҳзод Раҳимови 30-сола боиси пош хӯрдани оилаи апааш шудааст.

“Аз сабаби муносибати дӯстии наздик доштани инҳо оилаи апаам вайрон шуд. Шавҳараш ҷавобашро дод, талоқ кард. Ман пеши худ мақсад гузоштам, ки ин бачаро ҷазо диҳам”,- гуфтааст Ҳукмиддин Салоҳиддинов.

Ҳодиса 26-уми августи соли ҷорӣ дар заминҳои саҳроӣ ва дохили ҳуҷраи хоҷагӣ рух дода, ҷавон бо мақсади муҳокимаи муносибати апааш бо Шаҳзод Раҳимов ӯро ба мавзеи мазкур бурда, бо 9 зарби корд ба ҳалокат расонид.

“Гумонбаршуда махсус ин макони хилвати аз чашми мардум дур воқеъбударо интихоб мекунад, то бо Шаҳзод Раҳимови 30-сола муносибати ошиқона доштани апаашро муҳокима намояд. Аммо баҳси лафзӣ миёни апаву додар ба фоҷеаи хунин анҷомидааст”,- гуфтааст ин ниҳод.

РВКД дар вилояти Суғд мегӯяд, худи ҳамон рӯз, 26-уми август Ҳукмиддин Салоҳиддинов дар канори роҳи хиёбони Истиқлоли шаҳри Истаравшан бо корд 1 маротиба ба гардани Шаҳзод Раҳимов зада, ба ӯ ҷароҳатҳои вазнин ҷисмонӣ расонидааст. Шаҳзод Раҳимов аз дасти ҷавон раҳо хӯрда, дар беморхона бо кӯмаки табибон ҷон ба саломат бурд.

Ҳамин тавр, Нисбати Салоҳиддинов барои одамкушӣ бо моддаи 104-и парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Ҳамзамон, саннаи 31-уми август Илҳом Раззоқови 26-сола ҳамсараш Баҳринисо Боқиеваи 22-соларо дар таҳхонаи манзили истиқоматиаш бо роҳи буғӣ кардан ба қатл расонида, кӯшиш намудааст, ки саҳнасозӣ карда, ҳодисаро ҳамчун худкушӣ вонамуд созад.

Мард занро бо истифода аз рӯймоли сарбанд буғӣ карда, ба қатл расонидааст. Аммо, баъди ин саҳнаи сунъии худкуширо ташкил намуд, ки ин макрашро кормандони милитсия ошкор карданд.

Феълан Илҳом Раззоқов дар ҳабс буда, бар зидди ӯ бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД