goodwell
Дар Истаравшан 1138 иншоот ба истифода дода шудааст
152

Дар шаҳри Истаравшан дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз 1138 биною иншоот сохта, ба истифода дода шудааст. Дар ин бора раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи раиси шаҳр, бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Истаравшан таъмиру азнавсозӣ ва сохтмони 990 биною иншоот ба нақша гирифта шуда буд. То имрӯз иҷрои нақша ба 114,9 фоиз расида, нисбат ба нақша 148 иншоот зиёд сохта ва ба истифода дода шудааст.

Аз ҷумла, дар соҳаи саноат 22, маориф 56, тандурустӣ 22, фарҳанг 8, варзиш 29 ва марказҳои савдо ва хизматрасонӣ 87 иншоот ба истифода дода шудаанд. Ҳамчунин 161,88 километр роҳ таъмир гардидааст. Дар ин давра 5 пул, 10 бинои истиқоматӣ, 10 бинои маъмурӣ ва 563 иншооти дигар сохта шудаанд.

Зикр гардид, ки дар 10 ҷамоати деҳот ва 22 маҳаллаи Истаравшан бунгоҳи тиббӣ, мактаб, кӯдакистон, корхона, чоҳи амудӣ, боғҳои интенсивӣ ва таъмиру навсозии роҳҳо бомаром идома доранд.

Ҳамзамон дар шаҳри Истаравшан ба бунёди корхонаҳои саноатӣ диққати махсус дода шудааст. Айни замон дар шаҳри Истаравшан 105 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар онҳо 78 номгӯйи маҳсулот истеҳсол мешавад. Аз ин шумора 46 номгӯй маҳсулоти воридотивазкунанда мебошанд.

Раиси шаҳр таъкид намуд, ки идомаи корҳои созандагию ободонӣ дар шаҳри Истаравшан ба рушди инфрасохтор, беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои сокинон мусоидат хоҳад кард.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД