-Салом! Ин ҷо “Оила” аст?
-Бале, хоҳарҷон, шуморо гӯш мекунам.
-Акаҷон, илтимос, вақт ёфта, дарди маро гӯш кунед.
-Чӣ мушкилот доред?
-Ман Ганҷинаи Ёрмаҳмад, соли таваллудам 1990. Баъди он, ки шавҳарам зани дигарро дӯст дошту маро бо 3 фарзанд аз дар берун кард, дилам аз одаму олам сард гашт ва кӯчу бандамро гирифта, ба хонаи волидонам баргаштам. Шояд дашному ҳақорат кунед, ки ба пастиву баландиҳои зиндагӣ тоб наоварда, сабрро пеша накардам, вале ин тавр нест. Духтари сабуру дурандеш ҳастам, вале маро сухани сарди шавҳар, ки “дигар бо ту зиндагӣ кардан намехоҳам, рав, ҷавобатро додам” гуфт, сари номус овард ва аз баҳри чунин шавҳари зану кӯдакбезор гузашта, роҳ пеш гирифтам ҷониби хонаи падар. Азбаски дар хонаи падарам келинҳо ва фарзандони падар буданд, бо кӯдаконам худро зиёдатӣ эҳсос карда, аҳд кардам, ки ба Русия меравам ва барои ояндаи фарзандонам кор карда, хона мехарам, аммо...
Аввалин рӯзе, ки ба мулки ғурбат пой гузоштам, дарк кардам, ки ба дӯзах афтодаам. Баъди чанд муддати азобу шиканҷа аз Русия ба Истамбул сафар намуда, гумон кардам, ки дар он ҷо пули хонаро кор мекунаму бо сари баланд ба Тоҷикистон бармегардам, аммо...
Дар як тарабхона ба ҳайси зарфшӯй ба кор даромадам. Чӣ коре аз дастам меомад, иҷро карда, маблағи ночиз мегирифтам. Пайваста бо оби хунук зарф шӯстанам ба саломатиям асар кард. Бемор шудам ва ду поям якбора ба варам кардан даромад. Ман ҳам модар ҳастам, 3 фарзанд дорам. Барои муҳтоҷи касе нашудан, фарзандонамро дар хонаи хешу табор гузошта, ба мулки бегона омадам, лекин пули ёфтаам хӯрокаву иҷорапулиям мешаваду халос. 4 соле, ки дар Тоҷикистон нестам, дилам ҳар лаҳза барои фарзандонам, барои падару модари дардмандам гум мезанад. Мехоҳам мисли парранда парвоз намуда, ба назди азизонам равам, вале маблағ надорам. Дидам, ки намешавад, корамро партофта, ба хонаи як марди сарватманд, ки падару модари пир доштааст, ба ҳайси хидматгор ба кор даромадам. Бо сабаби бардоштани вазни мӯйсафеду кампир миёнам дардманд шуд. Илоҷи дигар надорам, агар бемор ҳастам гӯям, соҳибхона ҷавобамро медиҳад. Сари кафида зери тоқӣ гуфта, аз дарди миён азият кашида, лаб зери дандон гузошта, корамро идома дода истодаам. То кай бо ин маоши ночиз ва дур аз азизонам мемонда бошам, намедонам.
Ганҷина