Дар Искандаркӯл иншооти муосири сайёҳӣ бунёд мешавад
15.01.2026
Oila.tj
76

Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар мавзеи сайёҳии Искандаркӯл, воқеъ дар ноҳияи Айнӣ бо ташаббуси соҳибкорони ватандӯст сохтмони иншооти наву замонавии соҳаи сайёҳӣ оғоз гардид.

Маросими гузоштани санги асоси иншоот рӯзи 14-уми январ бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода баргузор шуд.

Зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхона дар мавзеи Искандаркӯли ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ дар масоҳати 1,08 гектар бунёд мегардад. Лоиҳа сохтмони се бинои сеошёнаи хизматрасонӣ, панҷ бинои якошёна, таваққуфгоҳ, майдончаи варзишӣ, тарабхона ва қаҳвахона, ҷойҳои сайругашт, майдончаи бозии кӯдакон ва дигар инфрасохтори заруриро дар бар мегирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД