sebiston july new
Вазоратҳо дар ин вазъият бетараф набошед!
2501

 

Медонем, ки ҳамагон аз омадани бемории нави коронавирус дар тарсу ҳарос буда, пайваста бо он дар ин шабу рӯз дар талошу муборизаанд.

Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории Covid-19 ба тамоми донишҷӯëни мактабҳои олии ҷумҳурӣ (курсҳои 1, 2, ва 3) пеш аз муҳлат бо ба анҷом расонидани барномаи таълимӣ ва барои иҷрои корҳои амалӣ дар хонаашон рухсат дода шуд, ки ин мувофиқи мақсад аст.

Вобаста ба ин аз Шумо хоҳиш дорем, ки муҳлати имтиҳонҳои давлатии хатмкунандагони донишгоҳҳоро тағйир дода шавад. Яъне, онҳо низ баробари донишҷӯёни дигар ба таътил рафта, моҳи август имтиҳони хатмашонро супоранд. Зеро тавре огоҳем имтиҳонҳо бояд то 15 -уми май ба охир расонида шаванд.

Афсӯс, ки дар чунин лаҳзаҳои бисëр ҳам ҳассосу вазнин дар баробари ин қадар бетартибию бесарусомониҳо ҳолатҳои карупсионӣ дар донишгоҳҳо ба назар мерасад. Бар замми ин, муомилаи баъзе аз устодони донишгоҳҳо хеле бад аст. Бинобар ин, аз Шумо хоҳиш менамоем, ки муҳлати супоридани имтиҳонҳои хатм ба тағйир гузошта шавад ë тибқи нақша донишҷӯёнро давъат намоянд на ҳамаашонро якҷоя, чунки онҳо фаъолтарин баррандагони ин беморӣ аз шаҳр ба ноҳияҳоянд.

Ҳамчунин, аз Вазорати мудофиаи кишвар хоҳиш дорем, ки даъвати маҷбурии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳам то аз байн рафтани ин беморӣ боз дошта шавад. Зеро агар яке аз ин ҷавонон ба ин беморӣ гирифтор шуда бошаду ба хизмати ҳарбӣ равад, он вақт тамоми қисми низомӣ ба ин вирус гирифтор мешаванд.

Бо эҳтиром, як гуруҳ ҷавонони фаъоли кишвар

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД