arzon replenishment
Дар ИМА 1- миллион одам коронавирус шуданд!
1606

 

Дар Амрико шумораи сироятшудагон аз бемори CLVID-19, зиёда аз 1 миллионро убур кард. Ин ҳолат дар ҳамаи иёлотҳои кишвари мазкур ва гирду атрофи он ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи омори Донишгоҳи Ҷонсон Хопкинс, рӯзи 28 апрел дар худи ИМА 1 002 498 ҳолати гирифтор шудан ба бемории коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Аз шадидияти ин дард 57 266 нафар аллакай фавтиданд. Шумораи қурбониёни пандемия бештар дар шаҳри Ню-Йорк ба чашм мерасад.

 
Дар сӯҳбат бо журналистон Доналд Трамп ҳолати мазкурро чунин шаҳр дод: "Шумо бояд донед, вақте ки гап дар атрофи сироятёбӣ меравад, гузарондани тест низ нақш дорад. Ин табиист, ки дар мо ҳолати сироятёбии зиёд аст, чунки дар муқоиса бо дигар кишварҳои рӯйи олам, мо тести бисёр гузарондем. Дар як муддати муайян ин нишондодҳо баробари нол мешаванд".

Имрӯз шумораи гирифторони COVID-19 дар ҷаҳон 3 116 680 нафарро ташкил карда, дар маҷмӯъ 217 168 кас аз ин беморӣ фавтидаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД