Formula novemver 2024
Дар иди рамазон торти «Гули садбарг» пухтан мехоҳед?
29.04.2022
Оила
1269

 

Ба фарорасии иди рамазон ҳамагӣ 2-3 рӯзи дигар мондааст ва бонувон аллакай дар андешаи онанд, ки дастурхони идонаи худро бо чи гуна шириниҳо оро диҳанд. Барои осон шудани кори шумо-хонумҳои азиз имрӯз мо дар бораи тарзи пухтани торт, кулчақанд ва хӯриши идонае маълумот медиҳем, ки ҳам хушмазза ва ҳам зебову зиннатбахши хони идона ҳастанд.

Торти “Гули садбарг”
Маҳсулоти лозима:
3 стакон орд
3 зардии тухм
ним қошуқча сода
2 ст шакар
300 г равғани маска
1ст қаймоқ (сметана)
3 сафедии тухм
300 г чормағзи кўфта

Тарзи таҳия:
Равғани маскаву ордро бо корд реза карда ба зарфе бигиред ва ба он қаймоқ, зардиҳои тухм, содаю сиркои омехташударо илова карда, хамир шӯред. Хамир бояд мулоим бошад.
Сафедиҳои тухмро бо шакар лат занед. Хамирро ба андозаи як мушт гирифта ғафсияш 5мм дарозрўя тунук кунед. Сафедиҳои латзадаи тухмро ба хамир молида, чормағзи резашударо пошед ва лўлапеч намоед. Акнун хамири лӯлапечро ба пораҳои 4-5 сантиметра бурида, як тарафашонро маҳкам карда, шакли гули садбаргро сохтан ва дар лаълии тафдон чидан лозим аст. Тортро тақрибан 15-20 дақиқа дар ҳарорати 180 дараҷа мепазанд. Қандинаҳо каме сурх, ки шуданд, хунук карда, ба болояшон шакари куфта пошед.

Хӯриши мимоза
Маҳсулоти лозима:
1 бонка озодмоҳӣ (лосось)
5 тухми обпаз
панири сахт
равғани маска
2 пиёз
майонез, кабутӣ
Тарзи таҳия:
Ин хӯришро ин тавр тайёр мекунанд:
Қабати аввал панири аз турбтарош гузаронидашуда, қабати дуюм моҳии бо чангак латзада, қабати сеюм равғани аз яхдон гирифтаи резашуда, қабати чорум пиёз, қабати панҷум зардиҳои тухм. Ба ҳар қабат майонез молида, хӯришро бо кабудиву сафедиҳои тухм оро диҳед.
Кулчақанди “Эклер”
Маҳсулоти лозима:
200 гр орд
100 г магарин
4 тухм
1 ст об
Малҳам (крем)
Тарзи таҳия:
Обу маргаринро болои оташ гузореду ҳамин, ки ҷўшид, ордро илова намуда, кофтаистода пазед, сипас онро аз болои оташ гирифта, оҳиста-оҳиста яктогӣ тухмро шикаста андозед ва нағзакак аралаш кунед. Вақте ки хамир ба қошуқ мечаспидагӣ шуд, онро бо қошуқи тар кам-кам гирифта ба тафдон резед ва дар ҳарорати 200 дараҷа 30 дақиқа пазед. Байни эклерҳоро сўрох карда, ба он креми дилхоҳи худро пур карда метавонед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД