Formula 2025 may
Дар фурудгоҳи Қатар кор кардан мехоҳед?
563

Jusour, ки яке аз ширкатҳои машҳури фурудгоҳи Қатар ба шумор меравад, омода аст зиёда аз 50 нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба кор қабул намояд. Муҳоҷирон дар ширкати мазкур ба сифати фурӯшанда-мушовир кор карда, моҳе на камтар аз 700-750 евро маош мегиранд.

Барои дар ин ширкати овозадор ба кор даромадан муҳоҷирон бояд на камтар аз 2 сол таҷрибаи кор дар самти фурӯш ва хизматрасонӣ ба мизоҷонро дошта бошанд. Озодона суҳбат кардан бо забонҳои русӣ ва англисӣ шарт аст.

Маблағи чиптаи ҳавопаймо барои сафар ба Қатар аз ҷониби худи ширкат пардохт карда мешавад. Ширкат муҳоҷиронро бо суғуртаи тиббӣ, нақлиёт ва ҷойи хоб таъмин месозад.

Агар майлу хоҳиши дар фурудгоҳи Қатар кор карданро дошта бошед, резюмеи худро ба суроғаи электронии зерин равон кунед: Email: [email protected]. Сайт: tawzeef.qa.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ шумо метавонед ба Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо суроғаи зерин муроҷиат намоед:

ш. Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 108

Телефонҳо барои тамос: 221-39-67, +992555551080, +992987906666, +992930934994, +992934535193, +992918888679.

ш. Хуҷанд (вилояти Суғд: мкр. 28, б. 2А, тел.: +992928079999.

ш. Бохтар (вилояти Хатлон): кӯчаи Файзалӣ Саид, д. 69, тел.: +992905800063, +992934878828.

ш. Хоруғ (ВМКБ): кӯчаи Атобек, 16, тел.: +992935101439.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД