Ғизое, ки инсон давоми рӯз истеъмол мекунад, ҷисмро бо моддаҳои барои фаъолияти организм зарурӣ таъмин менамояд. Агар хоҳед, ки дар фасли тобистон меъдаатон солим ва баданатон неруманд бошад, аввал хӯроки моеъ истеъмол намоед, зеро хӯрокҳои моеъ барои ба эътидол овардани ҳарорати бадан мусоид мебошанд. Инчунин истеъмоли хӯриши аз сабзавоти тар омодашуда манбаи неру дар фасли тобистон аст.
Хӯроки моеъ (обдор, суюқ)-е, ки истеъмол менамоем, бояд дорои нах бошад. Мувофиқи баъзе таҳқиқотҳо, нах ба афзоиши микрофлораи муфид мусоидат ва инчунин рушди микроорганизмҳои зарароварро пешгирӣ менамояд.
Шахс ҳангоми истеъмоли хӯрок бояд ба қадри кофӣ карбогидратҳо, равғанҳо, сафедаҳо ва макроэлементҳоро истеъмол намояд.
Шабона инсон бояд кӯшиш намояд, ки таоми обдор ё дар бӯғ омодашуда истеъмол кунад, зеро таомҳои серчарбу ва дар равған бирёншуда на танҳо шабона, балки умуман дар фасли тобистон барои меъда зараровар мебошанд.
Бадани инсон вобаста ба фасли сол ва ҳавои берун ба истеъмоли ҳар гуна таом майл пайдо менамояд. Аммо дар ёд дошта бошед, ки дар рӯзҳои гарм ҷисми инсон ба таомҳои сабук ва зудҳазмшаванда, обдор, хӯришҳо аз маҳсулоти тару тоза, мевагӣ ва обҷӯшу шарбат бештар эҳтиёҷ пайдо мекунад. Агар инсон таомҳои бирёнӣ ё дуюм истеъмол намояд, дар ин ҳолат он ба организм таъсири манфӣ мерасонад.