Пагоҳ, 16-уми апрел дар шаҳри Теҳрони Эрон ба муносибати зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон - Садриддин Айнӣ ва нашри китоби “Ёддоштҳо”-и ӯ шаби адабӣ баргузор мешавад.
Дар ин бора маҷаллаи “Бухоро” дар саҳифаи телеграми худ иттилоъ дода, навиштааст, ки ин шаб 803-юмин шаб аз силсилашабҳои маҷаллаи “Бухоро” аст.
Ба иттилои манбаъ, шаби адабӣ соати 17:00, дар Фарҳангсарои Ниёварон, воқеъ дар хиёбони посдорон баргузор мегардад. Интизор меравад, ки дар ин маҳфил аҳли зиё ва донишмандони Тоҷикистону Эрон ширкат варзанд.
Бояд гуфт, ки Садриддин Айнӣ адиби забардаст ва поягузори адабиёти муосири тоҷик буда, имрӯз 147-сола шуд.