ТУҲМАТИ ХУШДОМАНУ ЗОЛИМИИ ДОДАРШӮ МАРО ХОНАВАЙРОН КАРД
...Хушдоманам барои ману шавҳарамро ҷудо кардан хеле талош намуда бошад ҳам, бо тӯҳмату бадгӯӣ оилаи моро вайрон карда натавонист. Модарро наздиктарин дӯсти фарзанд мегӯянд, вале модаршӯйи ман чун дид, ки писараш талоқи маро доданӣ нест, ба сеҳру ҷоду гузашт. Пас аз тавлиди духтарчаам хушдоманам ҳар ҳафта бо ягон баҳона аз муллоҳои номдор тӯмор меовард ва таъкид мекард, ки дар қабати кӯрпаву болин гузорам...
Сурайё Қосимова ва шавҳараш соҳиби фарзанд шуданд?
...Примадоннаи санъати тоҷик мегӯяд, ки бинобар ба моҳи шарифи Рамазон рост омадани зодрӯзи имсолааш муваққатан аз эҷод дур шуда, дар хона ба тоату ибодат машғул аст. “Ба наздикӣ ҳамроҳи шавҳарам ба шаҳрҳои Тошканду Истанбул сафар доштем. Хушбахтона, пеш аз моҳи Рамазон сафарамон хуб гузашт. Аз зиндагиам шикояте надорам ва ба ҳама занҳои тоҷик тавсия медиҳам, ки агар хушбахт шудан хоҳанд, мисли ман оила барпо кунанд”,-мегӯяд бону Сурайё Қосимова...
Дар дӯзахи шавҳар
...Дар хонаи нав Ансор қилиқҳои навашро оғоз кард. Акнун ӯ шабона дер меомад, аксар вақт нӯшидагӣ буд. Вақте менӯшид, хеле дағал мешуд, агар Фарёна каме норизоӣ кунад, ба сарш дод мезад. Оҳиста-оҳиста дод задан ба ҳақоратҳои қабеҳу муштзӯрӣ мубаддал гашт. Фарёна то фаҳмид, ки дар интихоби ҳамсари ҳаётӣ сахт хато кардааст, панҷ-шаш сол гузашт. Онҳо соҳиби як писари нозанин шуданд, ду фарзанди дигарашон аз дасти муштзӯрии падар дар батни модар мурданд. Ансори занозор қотили тифлони ба дунё наомадаи худ буд...
Ба кӯдак аспирин надиҳед!
...Ба назаратон чунин мерасад, ки фарзанди шумо таб карда, камтар сурх шудааст? Дар чунин ҳолатҳо ҳарорати бадани кӯдакро ҳатман ним соат пас санҷидан лозим аст. Аксари модарон ба бадани кӯдак даст расонида, таб доштан ё надоштанашро бо ҳамин усул фаҳмидан мехоҳанд, ки ғалат аст. Барои аниқ кардани он ки табби фарзанди шумо чанд аст, бояд аз ҳароратсанҷ-термометр истифода баред. Ҳароратсанҷро замоне фақат дар таги каш мемонданд, вале имрӯзҳо намудҳои гуногуни термометр мавҷуданд...
Оббозӣ рӯзаро фосид мекунад?
Баъзеҳо мегӯянд, ки дар вақти рӯзадорӣ оббозӣ кардан мумкин нест, чунки ҳавли бадан баромада, ташнагӣ мешиканад ва ба даҳони кас об рафтанаш мумкин аст. Домуллои муҳтарам, ба ҳамин масъала равшанӣ меандозед? Нақиб, хонандаи “Оила” аз ш.Кӯлоб
Шарҳи пурраи ин ва дигар қиссаву хабарҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи 16-уми ҳафтаномаи “Оила”, ки санаи 28-уми апрели соли равон ба фурӯш баромад, мутолиа намоед. Шумораи тозанашри ҳафтаномаро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда метавонед.
Духтар мезоед ё писар?
Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи “Оила” бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба “Оила” занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 238-52-52
“Маро танҳо нагузор”
Хонандагони азиз, мо-аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” тасмим гирифтем, ки шурӯъ аз соли 2021 қабули эълонҳоро ба маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” ба таври ройгон ба роҳ монем. Шуморо зарур аст, ки анкетаи дар ҳафтанома чопшударо хонапурӣ карда, ба идораи ҳафтанома биёред ё ирсол намоед. Ному насаби шумо дар идора махфӣ нигоҳ дошта шуда, эълони шумо бо рамз дар ҳафтанома чоп мешавад. Масъулият ва ҷавобгарии эълонҳо бар дӯши соҳибонашон гузошта мешавад. Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм дошта бошед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед, аммо касе дасти шуморо намегирад? Озурда набошед, маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Маврид ба зикр аст, ки то охири соли 2020 бо воситаи маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” зиёда аз 500 нафар оила барпо карданд ва аз интихоби худ розиву хушбахтанд. Умри инсон хеле кутоҳ аст ва онро набояд дар танҳоӣ сипарӣ кард. Ба ҳамин хотир, шитоб кунед, то бахти худро пайдо намоед. Суроға: хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, бинои “Шарқи озод”, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Оила”.
Оила ва Ислом
Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.
СМС-ҳои ошиқона
Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон “Оила” рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!