Arzon march 2024
Дар Душанбе ҳушёрхонаи нав сохтанд
349

Мастӣ ба пастӣ мебарад гуфтани бузургон беҳуда нест. Аксаран одамон маҳз дар ҳолати мастӣ даст ба ҷинояту ҷинояткорӣ мезананд, ки хеле нигаронкунанда аст. Барои пешгирии чунин ҳодисаҳои нохуш дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ҳушёрхонаи нав сохта ба истифода дода шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар додааст.

Ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик бинои нави Ҳушёрхонаи тиббии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, бинои нави Минтақаи хизматии маъмурии милитсияи №11 дар шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-2 ва шуъбачаи шаҳрии милитсияи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансур мавриди истифода қарор дода шуданд.

Ба иттилоъи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ шуъбачаи шаҳрии милитсияи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аз 3 ошёна, таҳхона, 11 утоқи корӣ ва ҷойи нигаҳдории муваққатӣ иборат мебошад.

Вазири корҳои дохилӣ зимни шиносоӣ бо шароити хизматии кормандон иброз дошт, ки нақши нозирони минтақавӣ барои пешгирии ҷинояткорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои олии давлату миллат ва садоқат ба Ватан хеле муҳим мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД