Дар Душанбе «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
07.10.2025
Oila.tj
52

Аз 15 то 20-уми октябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик (16-уми октябр) Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе - «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» баргузор мегардад.

Бино ба иттилои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», дар назар аст, ки дар ҷашнвора меҳмонони зиёд аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Осиё ва Аврупо иштирок намоянд.

Дар доираи ин ҷашнвора баргузории ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳо, рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ-филмҳои тасвирӣ, ҳунарӣ ва мустанад, ҳамоиш бо иштироки намояндагони маъруфи кинои давлатҳои хориҷи дуру наздик, нишастҳои матбуотӣ ва дарси «Устод ва шогирд» пешбинӣ гардидааст.

Инчунин баргузории рӯзҳои кинои Федератсияи Русия, Эрон, Ҳиндустон, Қирғизистон ва Туркманистон дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Мақсади гузаронидани синамоҷашнвора дастгирии ҷавонони эҷодкор, таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ, табодули таҷриба, омӯзиш, манзури ҳаводорони кино намудани филмҳои ватанию хориҷӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, муаррифии маконҳои сайёҳӣ ва тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва таҳкиму тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи кино мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе - «Тоҷи Сомон» дар ду сол як маротиба баргузор мешавад. Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе - «Тоҷи Сомон» соли 2023 доир шуд буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД