sebiston july new
Дар Душанбе Соли Нав таҷлил мешавад
296


Дар майдони “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе рӯзи 31 декабр ба ифтихори фарорасии Соли нави мелодӣ барномаи идона ва мушакпарронии солинавӣ баргузор мешавад.

Ба иттилои Раёсати фарҳанги пойтахт, консерти идона бо иштироки ҳунармандони маъруфи кишвар соати 20:00 оғоз мегардад. Дар анҷоми чорабинӣ мушакпарронии идона доир мегардад.

Ҳамон рӯз дар ҳамаи ноҳияҳои пойтахт барномаҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Шоҳмансур дар боғи «Куруши Кабир», дар ноҳияи Сино дар назди бинои Прокуратураи генералӣ ва дар ноҳияи Фирдавсӣ дар назди бинои Сирки давлатӣ барномаҳои рангинӣ консертӣ доир хоҳанд шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД