Дар Душанбе сохтмони
3 эстакада ва 1 пул оғоз ёфт
Имрӯз,19-уми октябр дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт сохтмони се эстакада ва як пули нав оғоз ёфт.
Дар маросими гузоштани санги асос, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва вазири тиҷорати Чин Ван Вэнтао иштирок намуданд.
Оғози корҳои сохтмонӣ дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар самти рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва ободонии пойтахт иқдоми муҳим ба ҳисоб меравад.
Иншооти мазкур бо мақсади рушди инфрасохтори шаҳрӣ ва такмили низоми ҳаракати нақлиётӣ бунёд гардида, ба беҳтаршавии шароити рафтуомади сокинону меҳмонони пойтахт замина фароҳам меорад.