Аз 15 то 20 -уми октябр дар шаҳри Душанбе дар доираи сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» Рӯзҳои синамои Эрон баргузор мегардад. Дар ин бора аз «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи чорабинӣ филмҳои нави синамои Эрон ба намоиш гузошта мешаванд. Аммо рӯйхати дақиқи филмҳои пешниҳодшаванда ҳанӯз эълон нашудааст.
Дар маросими ифтитоҳ ҳайати Эрон, аз ҷумла коргардонҳо, таҳиягарон, ҳунармандон ва мутахассисони соҳаи синамо, инчунин намояндагони соҳаи синамои Тоҷикистон иштирок мекунанд. Ҳамзамон, вохӯриҳои корӣ ва эҷодии синамогарони ду кишвар баргузор шуда, дар онҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳо ва табодули таҷриба баррасӣ хоҳанд шуд.
Рӯзҳои синамои Эрон яке аз бахшҳои барномаи байналмилалии «Тоҷи Сомон» ба ҳисоб меравад. Дар ҷашнвораи қаблии «Тоҷи Сомон» низ Рӯзҳои синамои Эрон баргузор шуда буд.