Санаи 7-уми июни соли 2026 дар боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Ваҳдат баргузор мегардад.
Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Ваҳдат, тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-юми январи соли 2026 тасдиқ шудааст, рӯзҳои фарҳанг давоми сол тибқи нақшаи алоҳида гузаронида мешаванд. Дар назар аст, ки шаҳри Ваҳдат барномаи фарҳангиро пешниҳоди сокинони пойтахт намояд.
Бо мақсади таблиғ намудани ҳунарҳои мардумӣ дар Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Ваҳдат ва дар сатҳи баланд баргузор намудани ин чорабинӣ чанде пеш раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода ҳамроҳ бо муовинони раис ва масъулони соҳаҳо дар дар боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ” ситоди корӣ ташкил намудаанд.