Дирӯз, 26-уми январ дар Сафорати Ҳиндустон дар Душанбе Рӯзи Ҷумҳурии Ҳиндустон таҷлил карда шуд.
Маросим бо барафрохтани тантанавии Парчами миллӣ аз ҷониби Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Раҷеш Уике дар саҳни бинои сафорат оғоз ёфт. Дар ин чорабинӣ зиёда аз 200 намояндаи ҷомеаи ҳиндӣ ва дӯстони Ҳиндустон дар Душанбе иштирок доштанд.
Пас аз барафрохтани Парчами миллӣ Суруди миллии Ҳиндустон садо дод. Сипас, сафир Уике Паёми Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон хонум Драупади Мурмуро бахшида ба Рӯзи ҷумҳурӣ қироат намуд.
Дар идома Раҷеш Уике ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ҷумҳурии Ҳиндустон табрик гуфт. Ӯ аҳамияти ҷашни Рӯзи ҷумҳуриро таъкид намуда, дар бораи муносибатҳои пойдор миёни Ҳиндустон ва Тоҷикистон суҳбат кард.