formula feb 2025
Дар Душанбе озмуни драманависон баргузор мегардад
195

Бо мақсади рушди драматургияи миллӣ ва пешрафти санъати театрӣ шуруъ аз моҳи феврал то 1-уми сентябри соли 2025 дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии драманависон баргузор мегардад. Дар ин бора Вазорати фарҳанг хабар дод.

Озмун ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, ҳадаф аз баргузории он рушди драматургияи миллӣ, тарғиби дастовардҳои замони Истиқлол, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот, ватандӯстӣ ва созандагию ободонӣ мебошад. Асарҳои озмунӣ бояд дар се нусхаи чопи компютерӣ пешниҳод карда шуда‚ таҷассумгари дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат дар замони Истиқлол бошанд.

Ғолибон бо туҳфаҳои пулӣ мукофотонида мешаванд:

Ҷои якум – 10 ҳазор сомонӣ;

Ҷои дуюм – 8 ҳазор сомонӣ;

Ҷои сеюм – 6 ҳазор сомонӣ.

Яке аз ҳадафҳои асосии ин озмун дарёфти асарҳои хуби саҳнавие мебошад, ки анъанаҳои неки таърихию фарҳангии миллатро нишон медиҳанд ё мавзуҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла муқовимат ба коррупсия, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосирро фаро гирифтаанд.

Интизор меравад, ки озмуни мазкур ба бою ғанӣ гаштани репертуари театрҳои кишварамон мусоидат хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД