Имрӯз дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии "Тоҷикистон-2024" оғоз шуд.
Ҷамшед Ҷумахонзода, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, зимни ифтитоҳ гуфт, Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он беш аз 100 ширкати ватаниву хориҷӣ аз 10 кишвари ҷаҳон, чун Тоҷикистон, Русия, Белорусия, Узбекистон, Туркманистон, Корея, Чин, Покистон ва Эрон хизматрасониву маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд.
Зикр шуд, ки дар намоишгоҳ намояндагони тиҷоратӣ имконият доранд, ки шарикони нав пайдо кунанд.
"Намоишгоҳ аз 24 то 27 октябр идома меёбад. Сокинон метавонанд аз ин намоишгоҳ молҳои истеҳсоли ҷумҳуриро бо нархҳои мувофиқ дастрас намоянд", - гуфт Ҷамшед Ҷумахонзод.