Аз ҷониби муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ва раиси ноҳияи Фирдавсӣ Сафарзода Дилшод дар ноҳияи Фирдавсӣ, маҳаллаи Сомон 2, муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Фил ва паранда» мавриди истифода қарор дода шуд.
Бино ба иттилои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, бинои нави кӯдакистон дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар дар дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар масоҳати 1546 м² замин дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ бо сифати баланд бунёд гардида, бино аз 2 ошёна ва 6 гурӯҳи таълимӣ иборат буда, барои 120 кӯдак пешбинӣ шуда, бо завқу салиқаи баланди эстетикӣ ва мувофиқ ба дунёи рангини кӯдакон оро ёфтааст.
- Айни ҳол омӯзиш дар он бо 3 забон - русӣ, англисӣ ва чинӣ сурат мегирад ва дар оянда таълим бо дигар забонҳои хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст,- меафзояд манбаъ.