Кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ сокини 67-солаи шаҳри Ваҳдат Ғафуров Салоҳиддинро ҳангоми машғул шудан ба фолбинӣ дастгир кардаанд.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, зимни санҷиш муайян шудааст, ки номбурда муддати тӯлонӣ фолбиниро ба ҳайси пешаи худ интихоб карда, қаблан низ бо чунин кирдор дастгир ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст. Бо вуҷуди ин, санҷиши навбатии милитсия нишон додааст, ки Ғафуров аз фаъолияти ғайриқонунии худ даст накашидааст.
Дар робита ба ин ҳолат нисбати ӯ маводи зарурӣ тартиб дода шуда, парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 240, иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз шудааст.