goodwell
Дар Душанбе марди 36-сола бо гумони қаллобӣ боздошт шудааст
16.09.2026
Oila.tj
56

Кормандони ШВКД-1-и ноҳияи Сино дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 36-солаи шаҳри Кӯлоб Мирзораҳимӣ Сабзалиро бо гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир кардаанд.

Тибқи маълумоти мақомоти корҳои дохилӣ, гумонбаршаванда бо роҳи фиреб ва истифода аз эътимоди шаҳрвандон худро корманди коммуналӣ муаррифӣ намуда, аз онҳо маблағҳои пулӣ гирифтааст. Номбурда, ки аз ҷониби ҷабрдидагон шинохта шудааст, ҳангоми гирифтани 60 доллари ИМА дастгир гардидааст. Ӯ инчунин бо истифода аз либоси махсуси корманди коммуналӣ, дар рӯй ниқоб ва мусаллаҳ бо отвёртка ба корхона, мағоза ва манзили истиқоматии шаҳрвандон ворид шуда, маблағҳои пулӣ ва дигар ашёи арзишмандро тасарруф мекардааст.

Айни замон нисбати Мирзораҳимӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда, ӯ бо қарори суд ба муҳлати 60 рӯз ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Тафтишот барои муайян кардани дигар ҳолатҳои эҳтимолии ҷиноятӣ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД