Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди маҷмааи меъмории бисёрсамтаи хизматрасонӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт санги асос гузоштанд.
Маҷмаа аз 52 иншоот, аз ҷумла панҷ бурҷи баландошёна иборат хоҳад буд. Баландтарин бурҷ 77 ошёна дошта, 340 метр баландӣ хоҳад дошт ва «Бурҷи Душанбе» номгузорӣ мешавад.
Дар тарҳи маҷмаа ҳамчунин бунёди яке аз бузургтарин марказҳои савдо дар минтақа пешбинӣ шудааст.