Arzon march 2024
Дар Душанбе иди тарбузу харбуза ва каду баргузор мегардад
320

Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 25-уми август «Иди тарбуз, харбуза ва каду» баргузор мегардад.

Кишоварзони навоҳии атрофи шаҳр ва вилоятҳои Суғду Хатлон дар ин маърака иштирок намуда, навъҳои гуногуни тарбуз, харбуза ва кадуро ба намоиш-фурӯш мегузоранд.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, “Иди тарбуз, харбуза ва каду» бо мақсади муаррифӣ намудани дастранҷи деҳқонон, баҳрабардорӣ аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои Тоҷикистон ва эҳёи анъанаҳои неки парвариши каду ва харбузаву тарбуз гузаронида мешавад. Дар ин рӯз намоиш ва фурӯши навъҳои гуногуни каду, тарбуз, харбуза ва маҳсулоти дигари кишоварзӣ, инчунин намоиши хӯрокҳои аз ин маҳсулот омодашуда дар назар дошта шудааст.

Дар макони чорабинӣ ҳамчунин гӯшаи олимону мутахассисон кушода шуда, дастовардҳои илмӣ дар ин самт намоиш дода мешаванд. Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа дар назар дошта шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД