Soranus
Дар Душанбе Иди китоб шуруъ шуд
173

Имрӯз, 22-юми октябр, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 12-умин Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе" шуруъ шуд.

Намоишгоҳи мазкур, ки ҳамчун Иди китоб ҳам шинохта мешавад, аз соли 2010 инҷониб ҳамасола бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Имсол беш аз 40 нашриёти ватаниву хориҷӣ аз 8 кишвари ҷаҳон беш аз 5 ҳазор китоби худро барои дӯстдорони китоб ба намоиш гузоштаанд.

Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии “Китоби Душанбе” то 24-уми октябр идома меёбад. Дар он намояндагони ширкатҳои табъу нашри кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин Туркия, Эрон, Чин, Туркманистон, Россия ва Ӯзбекистон иштирок доранд. Ҳадаф аз баргузории он ташвиқу тарғиби китоб ва китобхонӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД