Gazprom july 2025
Дар Душанбе ду кӯдакро аз модарашон гирифта, ба мактаб-интернат супурдаанд
135

Мақомот дар Душанбе ду кӯдаки хурдсоли як модарро барои маҷбур кардани онҳо ба талбандагӣ аз ӯ гирифта, ба мактаб-интернат супоридаанд.

Дар ин бора Раёсати корҳои дохилӣ дар Душанбе иттилоъ дода, гуфтааст, “шаҳрванд Тағоева М., ки модари ду кӯдаки хурдсол аст, онҳоро ба талбандагиву оворагардӣ водор сохта, аз ин ҳисоб манфиати пулӣ ба даст меовард”.

Ин ниҳод гуфтааст, ки бо назардошти ин ҳолат, нисбати номбурда моддаи 73-и Кодекси оиларо, ки гирифтани кӯдакро бе маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ иҷоза медиҳад, татбиқ карда, бо қарори суд фарзандонашро аз ӯ гирифтаанд.

Манбаъ гуфтааст, ки кӯдакон дар Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД