Дар шаҳри Душанбе масъалаи таъмини Wi-Fi-и ройгон дар нақлиёти ҷамъиятӣ, истгоҳҳо ва боғҳо баррасӣ шуд.
Ин масъала дар мулоқоти роҳбари Хадамоти алоқа Исфандиёр Саъдулло бо директори КВД «Шаҳри ҳушманд»-и шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзода матраҳ гардид.
Бино ба иттилои Хадамоти алоқа, вохӯрӣ ба рушди инфрасохтори рақамии пойтахт бахшида шуда буд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои татбиқи лоиҳаи «Харитаи электронии Душанбе», насби муваққатии манораҳои алоқаи мобилӣ, баланд бардоштани сифати интернет ва алоқа баррасӣ шудаанд.
Яке аз мавзуҳои асосӣ таъмини Wi-Fi-и ройгон дар нақлиёти ҷамъиятӣ, истгоҳҳо ва боғҳо будааст.