Дар Ҷоми ҷаҳонии самбо, ки рӯзҳои 20-21-уми сентябр дар маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барпо мегардад, гӯштингирони зӯртарин аз кишварҳои мухталиф иштирок хоҳанд кард.
То ҳоло намояндагони 9 кишвар - ҳамаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон), инчунин Беларус, Булғористон, Маҷористон ва Русия барои иштирок дар Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Душанбе дархост кардаанд.
Ба барномаи Ҷоми ҷаҳонии самбо рақобатҳо аз рӯи 14 вазн байни мардону занон дар самбои варзишӣ ва ҳамин миқдор дар самбои размӣ дохил шудааст.
Варзишгарони аз 18-сола боло - ҳам пешсафони феълии рейтинги ҷаҳонӣ ва ҳам варзишгароне, ки дар сатҳи байналмилалӣ ном баровардаанд, тимҳои миллии кишварҳои худро намояндагӣ хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо барои ҷоизаҳои президенти Кумитаи миллии олимпии Арманистон Гагик Сарукян, ки моҳи июни имсол дар шаҳри Ереван доир гардид, ду медал (як тилло ва як нуқра) ба даст оварданд.