arzon replenishment
Дар Душанбе Анҷумани ҷавонони дар хориҷи мамлакат таҳсилдошта доир шуд
437

Дар шаҳри Душанбе нишасти навбатии Анҷумани ҷавонони дар хориҷи мамлакат таҳсилдошта баргузор гардид, ки ҳадаф аз он муаррифии имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар дар хориҷи мамлакат барои ҷавонону шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад.

«Маҳфили ҷавонони дар хориҷи мамлакат таҳсилдошта» аз 2-юми марти соли 2014 инҷониб бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон баҳри дӯстию рафоқат, баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, ҳамгироии ҷавонон, мустаҳкам намудани робитаи байниҳамдигарии донишҷӯёни тоҷике, ки дар хориҷи мамлакат таҳсил доранд, таъсис ёфтааст. Ба он зиёда аз 1500 ҷавони фаъоле, ки дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар 25 намояндагӣ дар Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Нидерландия, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ ва Ӯзбекистон таҳсил менамоянд, аъзо мебошанд”,- гуфт як узви маҳфил ба Oila.tj.

Қайд гардид, ки бо дастгирии пайвастаи давлату ҳукумат имрӯз беш аз 40 000 ҷавонони тоҷик дар хориҷи мамлакат ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

“Фаъолияти ин маҳфил ба таҳсили ҷавонон дар хориҷа, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои онҳо, роҳҳои осон намудани дохилшавӣ ба мактабҳои олии берун аз ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳаёти ҷавонон равона шудааст”,- шарҳ доданд дар Кумитаи ҷавонон.

Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби маҳфил ҳар сол садҳо барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, илмию адабӣ ва оммавию варзишӣ барои муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ доир карда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД