toyota motors
Дар Душанбе Ҳафтаи кинои франкофонӣ оғоз ёфт
14.05.2026
Oila.tj
54

Имрӯз дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собирови Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» маросими ифтитоҳи Ҳафтаи кинои франкофонӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ Сафири Фаронса дар Тоҷикистон Элза Пинйол, намояндагони корпуси дипломатӣ, аҳли фарҳанг, синамогарон ва дӯстдорони кино иштирок намуданд.

Бино ба иттилои МД “Тоҷикфилм”, зимни суханронӣ Элза Пинйол таъкид намудааст, ки Ҳафтаи кинои франкофонӣ на танҳо ҷашни синамо, балки майдони муколамаи фарҳангҳо ва таҳкими дӯстии байни халқҳо ба шумор меравад.

Ҳамзамон, ба саҳми Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ ва баргузории чунин чорабиниҳо баҳои баланд дода шудааст. Қайд гардидааст, ки Ҳафтаи кинои франкофонӣ ҳамасола бо мақсади муаррифии фарҳанг ва санъати кишварҳои франкофон баргузор гардида, барои густариши робитаҳои байналмилалии фарҳангӣ мусоидат менамояд.

Тавре зикр мегардад, дар доираи барномаи фестивал филмҳои «Астерикс ва Обеликс: Миссия Клеопатра», «Дикӣ» ва «Маленькая страна» манзури тамошобинон гардонида мешаванд.

Ҳафтаи кинои франкофонӣ дар Душанбе рӯзҳои наздик идома ёфта, дӯстдорони санъати кино метавонанд аз беҳтарин намунаҳои синамои кишварҳои франкофон баҳра бардоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД