Дар шаҳри Душанбе ду духтари 16-сола зери чархи мошин мондаанд. Бар асари ин фалокат духтарон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, айни замон дар беморхона қарор доранд.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар Душанбе, ҳодиса рӯзи 16-уми май сар зада, Зариф Рустамови 19-сола бе ҳуҷҷати ронандагӣ сари чамбараки мошини тамғаи “Хундай”, ки ба шахси дигар тааллуқ доштааст, нишаста, дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви пойтахт ба садама дучор шудааст.
“Номбурда аввал ба мошини тамғаи «Опел», ки дар канори роҳ меистод, бархӯрда, сипас ду пиёдагард - духтарони 16-соларо пахш намудааст. Ҷабрдидагон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, айни замон дар беморхона бистарӣ мебошанд”,- омадааст дар хабар.
Мошини тамғаи “Хундай” ба сокини 23-солаи шаҳри Душанбе Таваккалов Ш. тааллуқ доштааст, вале маълум нест, ки ӯ ба Зариф Рустамов барои рондани мошин иҷозат додааст ё не.
Тафтишоти ҳодиса аз ҷониби мақомот идома дорад.