Commerce bank may-june 2026
Дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ маросими хатми донишҷӯёни соли 2026 баргузор гардид
23.06.2026
Oila.tj
39

20-уми июни соли равон Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) рӯйдоди муҳим - хатми шашумин гурӯҳи донишҷӯёни барномаи бакалаврӣ дар шаҳракҳои донишгоҳии худ дар шаҳри Норини Ҷумҳурии Қирғизистон ва шаҳри Хоруғи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуд. Ин чорабинӣ ҳамчунин ба 25-солагии донишгоҳ бахшида шуд, ки чоряк аср дар самти рушди маориф, илм ва пешрафти иҷтимоию иқтисодии Осиёи Марказӣ фаъолият намудааст.

Бояд гуфт, имсол аз замони ба имзо расидани Созишномаи байналмилалӣ оид ба таъсиси Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ки дар доираи ҳамкории беназир байни Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Имоматии Исмоилиён таъсис ёфтааст, 25 сол пур мешавад. Тӯли солҳои фаъолият ДОМ садоқати худро ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии минтақаҳои кӯҳистонии Осиёи Марказӣ бори дигар тасдиқ намуд.

1_12

Дар чорабинӣ Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оғохон иштирок карда, ҳамроҳ бо хатмкунандагон, волидону наздикони онҳо, намояндагони мақомоти давлатӣ, Фонди рушди Оғохон (AKDN), Шурои парасторони донишгоҳ ва дигар меҳмонони фахрӣ дастовардҳои хатмкунандагони соли 2026 ва ҷашни 25-солагии донишгоҳро таҷлил намуданд.

2_20

Имсол 60 нафар хатмкунанда аз се кишвари муассиси донишгоҳ, инчунин аз Афғонистон, Покистон ва Русия соҳиби диплом гардиданд. Онҳо таҳсилро аз рӯйи ихтисосҳои «Илмҳои компютерӣ», «Иртиботот ва расонаҳо», «Илмҳо дар бораи замин ва муҳити зист» ва «Иқтисоди ҷаҳонӣ» ба анҷом расониданд. Хатмкунандагони имсола насли нави роҳбарон, муҳаққиқон, навоварон ва мутахассисонро муаррифӣ менамоянд, ки таваҷҷуҳи илмии онҳо масоил ва имкониятҳои муҳими рушди Осиёи Марказиро инъикос мекунад.

3_18

Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оғохон зимни суханронӣ бо муроҷиат ба хатмкунандагон нақши ДОМ-ро дар густариши имкониятҳои таълимӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар минтақа таъкид намуда, 25-солагии донишгоҳро ҳамчун фурсати арзёбии шарикии нодире, ки заминаи таъсиси донишгоҳ гардид, арзёбӣ кард. Ӯ инчунин паёми Канслери ДОМ Аълоҳазрат Шоҳзода Раҳим Оғохони V-ро қироат намуд, ки дар он уҳдадории донишгоҳ ба таҳқиқот, навоварӣ ва рушди устувори ҷомеаҳои кӯҳистон бори дигар тасдиқ шудааст.4_16

Канслер дар муроҷиати худ ба аҳамияти фарохтари таҳсилот ишора намуда, аз ҷумла чунин гуфт: «Таҳсилоти шумо ба шумо дониш ва малака бахшид. Умедворам, ки он ҳамчунин қобилияти қабули қарорҳои мутавозин, эҳсоси масъулиятшиносӣ, малакаи бодиққат гӯш кардан, мустақилона андешидан ва ҳамкорӣ бо дигаронро дар рӯҳияи эҳтиром тақвият додааст».

5_18

Дар чорабинӣ ҳамчунин суханрониҳои ректори ДОМ, намояндагони мақомоти давлатӣ ва суханронии хайрбодии намояндаи хатмкунандагон садо доданд.

6_11

Муовини Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Норин хонум Жилдиз Мамбетова саҳми ДОМ-ро дар рушди таҳсилоти олӣ дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон баланд арзёбӣ намуда, изҳор дошт: «Донишгоҳи Осиёи Марказӣ таҳсилоти сатҳи ҷаҳониро ба минтақаҳои кӯҳистон оварда, барои ҷавонон имконият фароҳам сохт, ки дар ҷомеаҳои худ соҳиби таҳсилоти босифат гарданд».

7_8

Бо анҷоми нахустин бисту панҷ соли фаъолияти худ ва рӯй овардан ба оянда, ДОМ хатми соли 2026-ро ҳамчун тасдиқи рисолати худ медонад - омода намудани хатмкунандагоне, ки дорои дониш, малака, арзишҳо ва ҳисси баланди масъулият мебошанд ва метавонанд дар рушди ҷомеаҳои худ ва ҷаҳон саҳми арзанда гузоранд.

8_7

Тавре ректори ДОМ, профессор Кристофер Герри таъкид намуд, таҳсилот қодир аст на танҳо зиндагии афрод, балки сарнавишти оилаҳо ва ҷомеаҳоро низ тағйир диҳад.

9_9

«Бартарии ин донишгоҳ танҳо дар барномаҳои таълимӣ ё ҷойгиршавии шаҳракҳои донишгоҳӣ не, балки дар робитаҳое мебошад, ки он ба вуҷуд меорад. Мо донишҷӯён, муҳаққиқон ва мутахассисонро аз кишварҳо, фарҳангҳо ва самтҳои гуногун муттаҳид намуда, ба онҳо барои бунёди пулҳои ҳамкорӣ миёни қишрҳое, ки аксаран аз ҳам ҷудо мемонанд, мусоидат мекунем»,- гуфт ӯ.

10_1

Ҳам Канслер ва ҳам ректор аҳамияти кунҷковӣ, тафаккури интиқодӣ, роҳбарии ахлоқӣ ва дарки байнифарҳангиро дар ҷаҳоне, ки таҳти таъсири дигаргуниҳои технологӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ босуръат тағйир меёбад, махсус таъкид намуданд.

11

Бо ҷамъбасти марҳилаи аввали 25 соли фаъолияти худ, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ омодагиашро барои рушди минбаъда ва густариши имкониятҳо тасдиқ намуда, ният дорад дар солҳои оянда саҳми худро дар пешрафти минтақа боз ҳам тақвият бахшад.

12_1

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД