goodwell
Дар Донишгоҳи миллӣ ҳар моҳ ба донишҷӯёни ятим ва маъюб зиёда аз 500 сомонӣ кумакпулӣ медиҳанд
113

Бо мақсади дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва дилгарм намудани ҷавонон ба омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба донишҷӯёни ятим ва маъюб илова бар стипендия ҳар моҳ зиёда аз 500 сомонӣ кумакпулӣ дода мешавад.

Дар ин бора имрӯз, 15-уми июл зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи миллӣ Эмомалӣ Насриддинзода иттилоъ дод.

Олимон низ аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, барои ҳимояи рисолаи номзадӣ ба устодони донишгоҳ дар ҳаҷми 35 ҳазор сомонӣ ва барои ҳимояи рисолаи докторӣ 45 ҳазор сомонӣ мукофот дода мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД