Дар Донишгоҳи давлатии Данғара айни ҳол 225 донишҷӯи хориҷӣ, ки бештарашон аз давлати ҳамсояи Ӯзбекистон ҳастанд, таҳсил доранд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода хабар дод.
Ба гуфтаи ректор, соли равон донишгоҳ бо 6 муассисаи олӣ ва ташкилоти хориҷи кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи омӯзгории Шэняни Чин, Донишгохи Бинҳайи Синдаои Чин, Маркази ҳамкориҳои таҳсилоти олии Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Фонди байналмилалии омӯзиши забони чинӣ, Маркази байналмилалии ҳамкории забони чинӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.